Имрӯз ба ифтихори “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” аз номи раиси вилояти Хатлон туҳфа ба се муассисаи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Кушониён ва Қубодиён дар доираи Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022 – 2027 тақдим карда шуд.

Туҳфаҳо аз номи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар се мошинаи боркаш бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, раёсати маориф ва дигар масъулон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳру ноҳияҳои мазкур фиристода шуд. Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ барои расонидани туҳфаи мазкур масъулинро вобаста кард.

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь