Дар арафаи соли нави таҳсили 2024-2025 туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор  ятимони кулл ва кӯдакони оилаҳои ниёзманди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тақдим карда шуд.

Дар баробари оростани дастархон идона ба наврасон, ин ҳадяҳоро, ки аз маҷмуи сару либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш иборат буд, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид якҷоя бо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, раиси Кумитаи  меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода дастрас намуданд.

Зимни тақдими туҳфаҳо гуфта шуд, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш андешида мешаванд.

Наврасон миннатдории худро барои ғамхориҳои пайваста ба Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, аз он изҳори хушҳолӣ карданд, ки дар як кишвари ободу зебо зиндагӣ карда, дониш меомӯзанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь