Кормандони идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияҳои Фархор, Хуросон ва Кӯшониён то ҳол музди меҳнати худро нагирифтаанд, ки ин маблағ бештар аз 220 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон Оятулло Умаров дар суҳбат ба “Фараж” тасдиқ кард, ки дар се ниҳоди болозикр қарзи музди меҳнат ҷой дошта, он 223,1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ӯ гуфт, қарзи музди меҳнат аз ҳама бештар дар ноҳияи Фархор 120,5 ҳазор сомонӣ, Хуросон 80 ҳазор сомонӣ ва Кӯшониён 22,6 ҳазор сомонӣ аст.
Иттилоъ дода шуд, ки омили пайдоиши ин қарзҳо саривақт пардохт нашудани ҳаққи хизматрасонии обрасонӣ мебошад.
– Мо кӯшиш дорем, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат 223,1 ҳазор сомонӣ қарзи музди меҳнати кормандонро пардохт кунем, – илова кард Оятулло Умаров.