Соли 2021 дар вилояти Хатлон наздики 2 ҳазор зан дар хона таваллуд кардаанд, ки ин рақам нисбат ба соли 2020-ум 620 ҳолат зиёд аст.

Гулбаҳор Зарипова

Директори Маркази солимии репродуктиви вилояти Хатлон Гулбаҳор Зарипова иттилоъ дод, ки  соли гузашта тавалуди хонагӣ бештар дар ноҳияи Вахш 207 ҳолат, Ховалинг 271 ҳолат, Ҷалолиддини Балхӣ 180 ҳолат  ва ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 125 ҳолати ба қайд гирифта шудааст.

Омили зиёд шудани тавалуди хонагӣ дар ноҳияи Вахшро ин шахси масъул дар таъмир будани шӯъбаи тавалуди беморхонаи марказии ноҳия арзёбӣ кард, аммо ӯ нагуфт, ки дар дигар ноҳияҳо сабаби зиёд шудани тавалуди дар хона чӣ аст.

Манбаъ афзуд, ки соли  2021 дар вилояти Хатлон  1 ҳазору 995 нафар зан дар хона таваллуд кардаанд ва соли 2020 бошад ин рақам 1 ҳазору 375 ҳолатро ташкил медод, яъне 620 ҳолати таваллуд дар хона зиёд шудааст.

Гуфта шуд, ки соли гузашта дар вилояти Хатлон 89 ҳазору 65 ҳолати таваллуди тифлон ба қайд гирифта шуд, ки дар соли 2020-ум 98 ҳазору 759 ҳолатро ташкил медод.

Тибқи иттилои масъулони Раёсати тандурустии вилояти Хатлон таваллуд дар беморхонаҳо ройгон мебошад, аммо сокинон бештар аз он шикоят мекунанд, ки дар аксар ҳолат  баъди таваллуди тифл дар беморхонаҳо  аз онҳо маблағи ҳазина   талаб мекунанд. Шояд, ба ҳамин далел тавалуд дар хонаҳо афзоиш ёфтааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь