Соли гузашта дар вилояти Хатлон  71 ҳазору 250 ҷойи нави кор таъсис дода шудааст, ки аз ҷумла 63856 ҷойи корӣ аз ҳисоби шахсони воҷеӣ ва 7394 ҷой аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ  мебошад.

Аз МИҲД-и вилояти Хатлон хабар доданд, ки аз ҳисоби баргузории 330 намоиши ҷойҳои холии кор 4809 нафар бо ҷойи кор таъмин гардида, дар умум 6092  нафар бо шуғл фаро гирифта шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҳисоби бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ 1000 ҷойи нави кор таъсис дода шудааст. Гуфта шуд, ки ба ҳолати 1 декбари 2024 дар вилоят музди миёнаи меҳнат ба 1801,26 сомонӣ баробар шуда, нисбати соли 2023-ум 17,8 дарсад афзудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь