Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон давоми се моҳи соли ҷорӣ 449 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 112 ҳолат кам аст. Дар ин бора аз Раёсати адлияи вилояти Хатлон ба “Фараж” иттилоъ доданд.

Омилҳои кам шудани ҷудошавии оилаҳоро масъулони раёсати мазкур бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, ба хусус ҷавонон, аз ҷониби кормандони шуъбаю бахшҳои САҲШ-и шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳо арзёбӣ карданд.

Гуфта шуд, ки дар се моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 7 ҳазору 340 ҳолати бастани ақди никоҳ бақайд гирифта шудааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта 6 ҳазору 886 ақди никоҳи шаҳрвандон ба расмият дароварда шуда буд. Бастани ақди никоҳ дар се моҳи соли 2025-ум 455 ҳолат зиёд мебошад.

– Дар маҷмуъ аз ҷониби бахшҳои САҲШ-и шаҳру ноҳияҳо якҷо бо ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳамагӣ дар ин давра 51 ҳазоур 627 сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 686 сабт зиёд мебошад, – гуфтанд аз Раёсати адлияи вилояти Хатлон.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь