Имрӯз ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар – маркази маъмурии вилояти Хатлон роҳпаймоии оммавӣ доир гардид.

Роҳпаймоӣ бо иштироки намояндгони касбу кори гуногун, аз ҷумла хонандагони муасисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ  роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, фаъолон ва дигар шахсон доир гардида, иштирокдорони роҳпаймоӣ  аз минтақаи терминали Бохтар роҳпаймоиро оғоз намуда, то майдони Парчами давлатӣ давом доданд.

Дар назди майдони Парчами давлатӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо арзи эҳтиром ба ин муқадасоти миллӣ дар пояи Парчами давлатӣ гулчанбар гузошта аз эҳтиром ва ҳифзи арзишҳои миллӣ сухан кард.

Мавлуда Гулова, Фараж

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь