Бо қарори раиси вилояти Хатлон директори Маркази экспертизияи давлатии судию тиббии Мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии вилояти Хатлон аз вазифа барканор шуд.
Ҳамзамон, Сиёвуш Назриев бо қарори раиси вилояти Хатлон аз 23 декабри соли 2024 ба вазифаи директори Маркази экспертизияи давлатии судию тиббии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъйин карда шудааст.
Сиёвуш Назриев дар ин вазифа Сунатулло Зуҳуровро иваз кард. Сунатулло Зуҳуров бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод шудааст.
Сиёвуш Назриевро рӯзи 24 декабри соли 2024 дар ҷалласаи мушовараи Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сардори раёсат Иброҳим Мусозода муаррифӣ кард.
Блоки рекламавӣ