Соли 2021 кормандони маркази Тоҷикистандарти вилоят 29 суръатсанҷи кормандони БДА–и вилоятро аз санҷиш гузаронида, ба ду адади он, ки илат доштанд, иҷозаи истифода надодаанд. Дар ин бора Абдузокир Бекназаров, як масъули маркази мазкур, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки дар як сол як маротиба суръатсанҷ, яъне радари кормандони БДА-и вилоятро аз санҷиш мегузаронанд.
– Соли гузашта маълум шуд,ки ду радари онҳо илат доштанд ва ба онҳо иҷозаи истифода дода нашуд, – гуфт ӯ.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳар ронанда ҳуқуқ дорад, аз кормандони БДА иҷозатномаи суръатсанҷҳоро талаб кунад.
Ин дар ҳолест, ки аксар ронандагон аз хато нишон додани суръати воситаҳои нақлиёт аз ҷониби суръатсанҷҳои кормандони БДА шикоят мекунанд.
Блоки рекламавӣ