Дар сохтори содирот 209 ҳазор тонна маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 115,3 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39,5 миллион доллар зиёд мебошад.

Аз МИҲД-и вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки аз ҳудуди вилоят наздики 2000 тонна нуриҳои минералӣ, 5578 тонна калобаи ришта, 32,8 ҳазор тонна нахи пахта, 183,5 ҳазор тонна семент ва 198 тонна матоъ ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя содирот шудааст.

Гуфта шуд, ки содироти маҳсулоти кишоварзии вилоят ба хориҷи кишвар дар маҷмӯъ 27086 тонна: аз ҷумла пиёз 21984 тонна (81%), олу 2059 тонна, тухми офтобпараст 975 тонна, зардолу 572 тонна, лаблабу 423 тонна, тарбуз 402 тонна, карам 379 тонна, ангур 120 тонна, шафтолу 60 тонна, кадучаи сабз 46 тонна, себ 36,8 тонна, чормағзи заминӣ 18,6 тонна, сирпиёз 8,6 тонна, писта 7,6 тонна, харбуза 6 тонна иборат мебошад.

Қайд кадан ба маврид аст, ки дар ин давра содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7290 тонна (47%) зиёд ба хориҷӣ кишвар содирот карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь