Аз аввали соли ҷорӣ то 4-уми июли соли 2023 ба воситаи гузаргоҳи гумруки вилояти Хатлон 7430 тонна маҳсулоти кишоварзӣ  содирот карда шудааст,  ки 1956,8 тонна пиёзи барвақтӣ, 718 тонна полезӣ, 1555 тонна ангур, 18 тонна лимӯ ва 3182,2 тонна дигар маҳсулот мебошад.

Аз ҳукумати вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки қисми зиёди маҳсулоти кишоварзӣ асосан ба Қазоқистон 3601 тонна, Покистон 1555 тонна, Афғонистон 76 тонна, Россия 2063 тонна, Туркия 36 тонна ва Белорусия 98 тонна содирот карда шуд.

Ҳамчунин, содирот тавассути гузаргоҳи гумруки вилояти Суғд 56311,2 тонна ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1086,6 тоннаро дар бар мегирад.

Гуфта шуд, ки дар натиҷаи ҳамкорӣ бо олимони соҳа ва андешидани тадбирҳои самарабахш ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 11 миллиарду 953 миллиону 703,5 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 675 миллиону 159,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ҳиссаи бахши аҳолӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 44% ва дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 56% мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь