Дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон беш аз 186 ҳазор нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки нисбат бо ҳамин давраи соли гузашта наздики 31 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Исфандиёр Сироҷов, муовини сардори Раёсати хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон, вобаста ба фаъолияти 9-моҳаи раёсат ва шуъбаю бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гуфт, дар 9 моҳи соли ҷори тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии ҷумҳурӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон беш аз 194 ҳазору 938 нафар ба хориҷи кишвар сафар кардаанд, ки аз ин ҳисоб 186 ҳазору 652 нафарашонро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд ва дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 31 ҳазору 655 нафар муҳоҷирии корӣ зиёд мебошад.

Ба иттилои ӯ, дар ин давра аз хориҷи кишвар зиёда аз 154 ҳазор нафар ба вилоят ворид шудаанд, ки аз ин шумора наздики 147 ҳазор нафарашон муҳоҷирони корӣ мебошанд. Шумораи баргаштагон дар қиёс ба соли гузашта беш аз 86 ҳазор нафар афзудааст.

– Дар натиҷаи санҷишҳо муайян карда шуд, ки воридшавии 3 ҳазору 521 нафар аз ҷумла 305 нафар зан ба кишварҳои қабулкунанда муваққатан манъ мебошад,- афзуд номбурда.

Мавлуда Гулова,

“Фараж”, Хатлон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here