Дар ҳудуди вилояти Хатлон 3223 нафар гирифтори бемории ВНМО ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 316 нафарашонро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд.
Бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам дар назди бинои Маркази пешгирӣ бар зидди бемориҳои вируси норасоии масунияти одам иқдоми тарғиботи бо тақсим намудани дастурамалҳои иттилоотӣ ва ташкили маркази сайёри ташхиси ин бемориҳо баргузор гардид, ки дар он сокинон фаъолона бо ихтиёри худ аз ташхис гузашта, аз вазъи саломатии худ огаҳ шуданд.
Илёсиддин Саидов, директори Маркази пешгирӣ бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам дар вилояти Хатлон, иттило дод, ки дар 9 моҳи соли равон 281 нафар бемор ба қайд гирифта шудаанд, ки ин рақам нисбати ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 10 нафар кам мебошад.
– Новобаста аз ин масъалаи гирифторшавии сокинони вилоят ба ин беморӣ ташвишовар боқӣ мемонад. Бемории вируси масунияти одам яке аз бемориҳои хатарзо ва ташвишовар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, мо табибон ҳарчанд, ки ин бемориро давои пурра бахшида натавонем ҳам, дар кам кардани шумораи гирифторони ин беморӣ талош мекунем. Дар умум дар ҳудуди вилоят 3223 нафар бемор ба қайд гирифта шудаанд, ки дар ин миён 316 нафар кудакону наврасони то синни 18-сола низ ҳастанд, – гуфт Илёсиддин Саидов.
Тибқи иттиллои масъулин аксари беморон муҳоҷирон буда, онҳо огоҳу ногоҳ ҳамсарони худро ба ин беморӣ гирифтор кардаанд.
– Дар таҷрибаи кории мо ҳолате буд, ки марди ба ин беморӣ гирифторшуда ҳамсарашро низ сироят карда, баъд аз ӯ ҷудо шудааст ва дубора оиладор шуда, ҳамсари дуюмашро низ аз бемории худ огаҳ накарда, ба ин беморӣ гирифтор кардааст. Баъди огаҳӣ ёфтан дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор барои ҳифзи ҳуқуқи ин хонумҳо ва ба ҷавобгарӣ кашидани он мард муосидат кардем, – зикр кард Илёсиддин Саидов.
Мавлуда Гулова, Фараж