Дар бозору фурӯшгоҳои вилояти Хатлон нархи як килограм шакару қанди сафед якбора аз 6 то ба 10 сомонӣ афзудааст.  Масъулон омили гарон шудани нархҳоро ба болоарвии нархи он аз кишварҳои содироткунанда рабт доданд.

Ҷаҳонгир, сокини вилояти Хатлон, зимни суҳбат гуфт, ки моҳе пеш нархи як килограм шакар ё қанди сафед 6 то 7 сомонӣ арзиш дошт, имрӯз то ба даҳ сомонӣ расидааст, ки нигаронкунанда аст.

Иброҳим, сокини ноҳияи Кӯшониён, низ аз гароншавии нархи шакару қанди сафед изҳори ташвиш карда, гуфт, ки оилаи ӯ дар як моҳ то 10 кило қанди сафед истеъмол мекунанд.

– Агар моҳе пеш 10 кило қандро бо нархи 65 сомонӣ мехаридем, ҳоло ин миқдор қандро бо арзиши 100 сомонӣ харидан лозим меояд, – гуфт ӯ.

Ба мисли ин мусоҳибони мо боз даҳҳо нафари дигар аз баланд шудани нархи шакар ва қанди сафед дар бозору фурушгоҳҳои вилоят изҳори ташвиш карданд.

Чанде аз фурӯшандагони бозору мағозаҳои вилояти Хатлон зимни суҳбат гуфтанд, ки нархро аз пеши худ боло набурдаанд. “Аз боло нарх гарон шуд, мо низ маҷбурем, нархҳоро бардорем, то хароҷот рӯйпӯш шавад”, – мегӯянд фурӯшандаҳо.

Фирдавси Маҳмадсаид, муовини сардори Раёсати хадамоти зидиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, яке аз омили боло рафтани нархи шакар ва қанди сафедро  дар бозору фурушгоҳои вилоят баланд шудани нархи он дар худи кишварҳои содиркуннада арзёбӣ кард.

Ӯ гуфт, як тонна шакар, ки пеш аз Тоҷикистон ворид мешуд, 361 доллар арзиш дошт, ҳоло аз 480 то 510 додлар шудааст, ки аз ин ҳисоб соҳибкорон нархро бардоштанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь