Дар рӯзи аввали даъвати баҳории ҷавонон ба Артиши миллӣ ноҳияҳои Носири Хусрав,  Шамсиддин Шоҳин ва Балҷувони вилояти Хатлон пурра аз иҷрои нақша хабар доданд.

Имрӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин ва дигар меҳмонон  “Рӯзи даъватшаванда” баргузор гардид. Раиси вилояти Хатлон зимни баромади худ  қайд кард, ки шахси ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад.

Зимни суханронии раиси вилоят зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо барои cоҳибихтисос кардани даъватшавандагон ба маблағи 1 миллиону 322 ҳазору 780 сомонӣ даъватшавандагонро дар курсҳои ронандагӣ омода мекунанд.

Ҳамзамон аз ҳисоби “Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” 205 даъватшаванда дар курсҳои кӯтоҳмуддати кафшергарӣ, ошпазӣ, устои барқ, сартарошӣ, компютерӣ ва сантехникӣ омода карда шудаанд.

Аз ҷониби роҳбарияти вилоят ба ҳамаи даъватшавандагон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин чун анъана маросими  “кулчагазон” баргузор шуда, аҳли фарҳанги вилоят барои болидахотири иштирокунандагон суруду тарона хонданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь