6 сентябри соли ҷорӣ cарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо сафари корӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи чанд иншооти ҷашнӣ иштирок ва аз рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ дидан кард.

Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, ки дар ин сафар сарвазирро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамроҳӣ кард.

Дар ноҳияи Темурмалик бо иштироки Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода маросими ифтитоҳи бинои муассисаи таълимии №18, бо 14 синфхона барои 480 нафар хонанда дар ду баст, баргузор гардид. Бунёди ин таълимгоҳ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сурат гирифта, барои сохтмонаш 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки барои дар сатҳи баланд роҳандозӣ намудани таълиму тарбия аз ҳисоби буҷаи ноҳия 26 воҳиди корӣ ҷудо карда шудааст, ки аз ин 7 воҳиди корӣ барои кормандони техникӣ, боқимонда барои омӯзгорони фаннӣ ва маъмурият мебошад.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ифтитоҳи ин муассисаи таълимиро туҳфаи арзандаи Ҳукумати кишвар ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуда, ба устодону шогирдони ин боргоҳи маърифат дар кори омӯзишу парвариш комёбӣ таманно карданд.

Дар идомаи сафар сарвазири кишвар ва раиси вилояти Хатлон дар деҳаи Танобчӣ дар расми ифтитоҳи бинои муассисаи таълимии томактабӣ барои 80 нафар кӯдак ширкат варзиданд.

Бинои кӯдакистон аз 3 ошёна иборат буда, дорои 23 ҳуҷра барои хобу фароғат, бозии кӯдакон, машғулиятгузаронӣ ва корӣ мебошад. Ба Сарвазири мамлакат маълумот доданд, ки муассиса 72 нафар кӯдаконро ба тарбия фаро гирифта, 10 нафар маъмурону мураббияҳо ва дигар кормандон бо кори доимии музднок таъмин мешаванд.

Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода ба соҳибкори ватандӯсту саховатпеша Бахтиёр Абдуллоев, ки ба қадри 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ кӯдакистонро бунёд ва ҳамчун  арғумон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба хурдсолон тақдим кардааст, миннатдорӣ баён карданд.

Бо иштироки Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода дар деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик бунгоҳи тиббии дорои 6 утоқи корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Қайд гардид, ки дар бунёди бунгоҳи тиббӣ соҳибкори ватанӣ Раҳмоналӣ Олимов иқдом нишон дода, онро бо сарфи 850 ҳазор сомонӣ бо тарҳи наву замонавӣ сохтааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь