Дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» хонандагон ва дигар иштирокчиён аз вилояти Хатлон соҳиби 35 ҷойи фахрӣ гардиданд.
Аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки дар озмун вилояти Хатлон бо гирифтани 35 ҷой (2 шоҳҷоиза, 3 ҷойи якум, 11 ҷойи дуюм, 19 ҷойи сеюм) дар ҷумҳурӣ сазовори ҷойи 2-юм гардид.
Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илм Саидзода Ра?ҳим ҳангоми ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 дар шаҳри Кӯлоб бо барандаи Шоҳҷоизаи озмун суҳбат карданд.
Ҳамчунин дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ сарвазири кишвар ва раиси вилояти Хатлон бо ҷоизадорони озмун вохӯрӣ анҷом доданд ва онҳоро мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карданд.
Блоки рекламавӣ