Дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар рӯзи театр бо пешниҳоди намоишномаи нав таҷлил карда шуд.

Бахшида ба рӯзи театри тоҷик ҳамасола 7- уми ноябр саҳни театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо шиору овезаҳои таҷассумкунади нақши театр дар тарбияи маънавии ҷомеа,  ҷашнгоҳи оростаро мемонад.

Чорабинии идона бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, меҳмонону ҳунармандон ва мухлисони театр, дар саҳни Театри вилоятии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар оғоз ёфта, ҳунармандон меҳмонону иштирокчиёнро бо садои савту  наво ва рақсу сурудҳои  дилангез истиқбол гирифтанд.

Маросими расмии бахшида ба рӯзи театри тоҷикро муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ бо сухани табрики ифтитоҳ намуда, аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии ҳунармандон ва рушди санъати театр дар вилояти Хатлон ёдовар гардид. Мавсуф иброз дошт, ки театр дар ҳар давру замон тарғибгари ғояҳои баланди инсонӣ ва тараннумгари фарҳангу ҳунари асили мардумӣ буда, нақши он дар ташаккули маънавиёти ҷомеа басо муҳим арзёбӣ мегардад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  заҳмату талошҳои кормандони соҳаи фарҳанг, ба хусус, ҳунармандони театрро қадрдонӣ намуда, дар доираи имкониятҳои ҷойдошта аҳли эҷодро пайваста дастгирӣ менамояд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ  мақому манзалати театри тоҷик боло рафта, барои кормандони соҳа шароити муносиби корӣ фароҳам оварда шуд.

Дар идомаи чорабинӣ бахшида ба рӯзи театри тоҷик аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба як қатор кормандони театри вилоятии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ва театри вилоятии «Лухтаки афсона»-и шаҳри Бохтар сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Баъдан, порчаҳо аз намоишномаҳои гуногуни театрии ҳунармандони вилояти Хатлон пешкаши меҳмонону мухлисони театр гардонида шуд. Мавриди зикр аст, ки театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар аз кӯҳантарин театрҳои кишвар маҳсуб меёбад, ки тӯли фаъолияти чандинсола бо ба саҳна гузоштани асарҳои ҷолиб дар тарбияи маънавӣ ва маърифатнокии ҷомеа саҳми ниҳоят муҳим мегузорад.

Мавлуда Гулова, Фараж

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь