Имрӯз дар маркази маъмурии вилоят Хатлон-шаҳри Бохтар рӯзи кормандони соҳаи тиб ҷашн гирифта шуда, аз ҷониби раиси вилоят  чанде аз пизишкон, ҳамшираҳои шафқат ва дигар кормандони соҳаи тиб қадрдонӣ шуданд.

Чорабинии мазкур дар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода,  кормандони соҳа ва дигар меҳмонон баргузор гашт.

Дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба як қатор кормандон ва мутахассисони соҳа диплому ифтихорнома ва ҷоизаҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Ҳамчунин, ҷоизаи раиси вилояти Хатлон таҳти унвони “Вориси Сино” ба чанд нафар корманди соҳа аз ҷониби раиси вилоят  Қурбон Ҳакимзода супорида шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here