Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон рухсатпулии омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ то имрӯз 99 дарсад пардохт карда  шудааст, аммо дар шаҳри Норак ва ноҳияи Панҷ ин нишондиҳанда 86 дарсад аст.

Сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Ҳабибулло Изатуллозода дар сӯҳбат ба “Фараж” гуфт, рухсатпулии омӯзгорон дар вилояти Хатлон 148 миллиону 890 ҳазор сомониро ташкил медод, ки аз ин маблағ 148 миллиону 602 ҳазору 80 сомониаш пардохт карда шуд, ки ин 99 дарсадро ташкил медиҳад.

Ӯ иттилоъ дод, ки дар байни 25 шаҳру ноҳия танҳо шаҳри Норак ва ноҳияи Панҷ 86 дарсади рухсатпулии омӯзгоронро пардохт кардаанд.

Ба гуфти манбаъ маблағи пардохтнашудаи рухсатпулии омӯзгорон дар як шаҳру як ноҳия 1 миллиону 829 ҳазору 724 сомониро ташкил медиҳад.

– Рӯзҳои наздик пурра рухсатпулии омӯзгорон пардохт хоҳад шуд, – илова кард номбурда.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here