Дар соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 2939,6 километр роҳи маҳаллӣ, аз ҷумла 287,7 километр мумфарш, 423,8 километр сангфарш, 2228,1 километр таъмири ҷорӣ ва 170 пулу лӯлаҳо ба маблағи умумии 254 миллион сомонӣ таъмир шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 62,6 миллион сомонӣ зиёд аст.
Ба иттилои МИҲД-и вилояти Хатлон аз шумораи умумии роҳҳои таъмиру таҷдидшуда бо саҳми соҳибкорон 275,1 километр мумфарш, 348,2 километр сангфарш ва 44 пулу лӯла ба маблағи 200 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шудааст.
Қайд гардид, ки дар соли 2024-ум ҳаҷми боркашонӣ ба 47,9 миллион тонна ва мусофиркашонӣ ба 214,7 миллион нафар баробар гардид, ки нисбат ба соли 2023-юм ҳаҷми боркашонӣ 5,3 миллион тонна ва ҳаҷми мусофиркашонӣ 41 миллион нафар зиёд аст.