Рӯзи 26 январ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо директори филиали ширкати CNPC (Корпоратсияи миллии нафту гази Чин) Central Asia B.V дар Тоҷикистон ҷаноби Ли Бинг баргузор гардид.

Аз ҳукумати вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ҷонибҳо масъалаҳои амалишавии Созишномаи тақсимоти маҳсулот вобаста ба корҳои ҷустуҷӯӣ–геологӣ дар майдонҳои нафту газ дар вилояти Хатлонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ли Бинг қайд кард, ки дар ҳолати хуб ба анҷом расидани корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ, ба рушди соҳаи нафту гази ҷумҳурӣ такони ҷиддӣ бахшида хоҳад шуд.

Дар мулоқот имкониятҳои сармоягузорӣ, заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шуда, зикр гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ ва ҷалби ширкатҳои чинӣ ба раванди саноаткунонии босуръати кишвар алоқаманд аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь