Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ  ба дидорбинии  сарбозони Раёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  вилояти Хатлон рафт.

Раиси вилояти  ҳайати шахсии қисми ҳарбиро ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо сиҳатмандӣ, иродаи қавӣ ва ҳифзи боэътимоди марзу буми кишварро таманно кард.

Ба сарбозони шуҷои Ватан китоб бо дастхат аз ҷониби раиси вилоят тақдим гардид. Ғайр аз ин як миқдор китобҳои бадеӣ ба сарбозон туҳфа шуд.

Сипас, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар сари як дастурхон бо сарбозон нишаста, суҳбати самимӣ анҷом дод ва аз ҳолу аҳвол ва шарту шароити хидмат пурсон гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь