Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид  имрӯз, 20-уми январи соли 2023, ба шаҳри Кӯлоб сафари корӣ анҷом дод.

Аз ҳукумати вилояти Хатлон хабар доданд ки субҳи 20-уми январи соли ҷорӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати шиносоӣ аз корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон рафт.

Дар доираи сафари кории худ нахуст Давлаталӣ Саид аз Маҷмааи “Дуои Модар”, ки моҳи октябри соли 2022 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуда буд, дидан намуда, ҳамчун рамзи эҳтиром ба пояи муҷассами модар гул гузошт.

Дар идомаи сафари  кории худ Давлаталӣ бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба гузаштагон аз jромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат кард.

Ҳамчунин, ӯ собиқадори меҳнат, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоибро аёдат кард. Роҳбари вилоят барои хизмати содиқона ва бисёрсола ва саҳмгузориаш дар рушди адабиёти тоҷик, тарбияи насли наврасу ҷавон ба шоир изҳори сипос кард.
Собиқадори меҳнат дар соҳаи тандурустӣ Раъно Ғафурова низ аёдат шуд. Раъно Ғафурова ба ҳайси духтур-момодоя 49 сол дар шаҳри Кӯлоб кору фаъолият кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь