Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба варзишгарон  Эмомали Нуралӣ  ва Сунатулло Наврӯзов, ки дар мусобиқоти ҷаҳонӣ ҷойи якумро гирифтанд, ба яке 50 ҳазор сомонӣ ва ба дигаре  20 ҳазор сомонӣ тӯҳфа кард.

Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар вазъияти тантанавӣ ин ҷоизаро тақдим кардаанд.

Варзишгари ҷавони тоҷик, дастпарвари мактаби варзишии ноҳияи Хуросон Эмомалии Нуралӣ дар чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Гуайклии Эквадор дар вазни 66 килограм дар байни 373 варзишгар ва 63 кишвари дунё дар намуди куштии ҷудо ва дастпарвари муассисаи давлатии мактаби варзишии маҳорати олии вилояти Хатлон Сунатулло Наврӯзов дар шаҳри Абу Забии Аморати Муттаҳидаи Араб дар вазни 34 килограм аз рӯи муҳорибаи омехта миёни варзишгарони 42 кишвари ҷаҳон пирӯз шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here