Имрӯз, 7 май, бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба аёдат ва табрики онҳо рафта, ба онҳо туҳфаҳои Президентро ба андозаи 50 000 сомонӣ аст ва тӯҳфаи худашро, ки 10000 сомонӣ аст, расонид.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Пахтаободи ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш Қосимов Розиқ ва дар шаҳри Бохтар Алиев Зайнуллоро аёдат кард. Нахуст, онҳоро ба муносибати Иди Ғалаба самимона табрику муборакбод намуда, ба онҳо тани сиҳат, хотири ҷамъ, хонаи ободу осуда, файзу баракат ва дар тарбияи фарзандону наберагон бурдбориҳоро орзу намуд.

Сипас, туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар яке бо маблағи 50 000 сомонӣ, раиси вилояти Хатлон 10000 сомонӣ расонида шуд. Инчунин, аз ҷониби раисони шаҳру ноҳия ва дигар сохторҳои марбута низ кӯмаки пулӣ тақдим гардид.

Ҳамчунин, аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо медали “80-солагии Ғалаба” тақдим гардид.

Бояд зикр намуд, ки дар вилояти Хатлон айни замон 8 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ умр ба сар мебаранд, ки калонсолтарини онҳо дар шаҳри Бохтар буда, 102-сола мебошад. Кӯҳансарбози 102-сола Файзалии Сафаралӣ ва Зайнулло Алиеви 100-сола дар шаҳри Бохтар ба сар мебаранд. Ҳамзамон, Гулмурод Тағоеви 101-сола дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Розиқ Қосимови 99-сола дар ноҳияи Вахш, Машраб Давлатови 99-сола дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳабиб Сафарови 99-сола дар ноҳияи Ҷайҳун, Мирзо Ғаффорови 99-сола дар ноҳияи Хуросон ва Аҳиё Мирзоеви 99-сола дар ноҳияи Ховалинг зиндагӣ доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь