Теппаи Қӯрғон, маъруфтарин иншооти таърихӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар, бо сабабаи садамавӣ буданаш қариб ду сол мешавад, ки  дарҳои худро бастааст. Раиси вилояти Хатлон аз ин макон дидан карда, ба масъулон супориш дод, ки баҳри бозсозии он чораҳои зарурӣ андешанд.

Аз ҳукумати вилояти Хатлон хабар доданд, ки рӯзи 3 июл раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз мавзеи таърихии теппаи Қӯрғон дидан кард. Дар ин мавзеъ, ки соли 1999 бозсозӣ шуда, ба ифтихори ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, то чанд муддат пеш осорхонаи таъриху кишваршиносии “Бибихонум”-и шаҳри Бохтар воқеъ буд.

Теппаи Қӯрғон маъруфтарин иншооти таърихӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар маҳсуб гардида, мавзеи тамошои сайёҳони ватаниву хориҷӣ маҳсуб меёбад, аммо бо сабаби садамавӣ буданаш ҳоло дарҳои худро бастааст.

Масъулони шаҳрдорӣ ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки аз ҷониби чанд институти лоиҳакашӣ, аз ҷумла ҶСК “Шаҳрофари Душанбе” лоиҳаҳои намунавии “Теппаи Қӯрғон” омода шудаанд.  Тибқи лоиҳа, бояд дар болои Қалъаи Қӯрғон, ки масоҳаташ аз 2,5 гектар иборат аст, амфитеатр бо ҳазор ҷойи нишаст, чойхонаи миллӣ ва фаввораҳо сохта шаванд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулин дастур дод, ки ҷиҳати таҳияи лоиҳаи ангоравии “Теппаи Қӯрғон” бо дарназардошти иншооти қадимаи таърихӣ ва мавзеи сертамошо буданаш тадбирҳои фаврӣ андешанд.

“Азнавсозии Теппаи Қӯрғон, ки муаррификунандаи на танҳо шаҳри Бохтар, балки минтақаи ҷануби кишвар мебошад, боиси ҷалби сайёҳони зиёд гардида, ба макони фароғату истироҳати сокинону меҳмонон табдил хоҳад шуд”, – қайд кард раиси вилоят.

Ёдовар мешавем, ки пайдоиши “Теппаи Қӯрғон” ба асрҳои 1-2 мансуб дониста шуда, он муъҷизаи табиат набуда, дастӣ сохта шудааст. Дар болои он қасри шоҳони Вахшонзамин ва дар асрҳои XIX ибтидои ХХ қалъаи Беки Қӯрғонтеппа ҷойгир будааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь