15-уми июн Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонии манзилҳои истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарардида, ба истифода додани иншооти гуногун, шиносоӣ бо рафти амалишавии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон сафар кард.
Президент дар деҳаи Навободи деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷараёни сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва шароити зисти сокинони аз офати табиӣ зарардида шинос шуд. Дар ин ҷо барои 20 оила хонаи истиқоматӣ сохта мешавад. Ба ҳар як оила барои бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ 10 садяк замин ҷудо гардида, ҳамчунин барои анҷоми корҳои сохтмонӣ 10 тоннагӣ семент, 100 дона бомпӯш, 10 куб тахта, 2 тонна арматур ва дигар масолеҳи зарурии сохтмонӣ дастрас карда шуд.
Дар идомаи сафар Президент ба ноҳияи Вахш рафт, то бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ дар минтақаҳои зарардидаи ноҳия шинос шавад. Сардори давлат ба як қатор сокинони деҳаи Иттифоқ, ки манзилҳои истиқоматиашон пурра омода гардидааст, калиди хонаҳоро тақдим намуданд. Хонаҳои бунёдгардида, 3 ва 4 ҳуҷрагӣ буда, бо тамоми шароити буду боши зиндагӣ таъмин мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти “20-олагии Истиқлоли Тоҷикистон” ба бунёди ду мактаби нави таълимӣ — мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва мактаб-интернати кӯдакони ятим ва бепарастори ба номи Мирзо Сатторов санги асос гузошт.