То 16-уми сентябр пахтакорони вилояти Хатлон ба корхонаҳои пахтатозакунӣ ва нуқтаҳои қабул беш аз 44 ҳазор тонна пахта супоридаанд, ки ин 16,2 дарсади дурнамои солонаро ташкил медиҳад.

Дирӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар даври якуми мусобиқаи меҳнатии 15-рӯзаи ҷамъоварии пахтаи ҳосили соли 2019 доир гардид.  Дар ин мусобиқа ноҳияи Шаҳритуз ва шаҳри Бохтару Левакант ғолиб дониста шуданд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба раиси ноҳияи Шаҳритуз Ҷаббори Ғаффор 15 ҳазор сомонӣ мукофоти пулии мусобиқаро супорид. Ба раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим барои ишғоли ҷойи дуюм 10 ҳазор сомонӣ ва ба раиси шахри Левакант Давлатзода Зарина, ки дар ҷамъоварии ҳосили пахта дар ҷойи сеюм қарор дорад, 5 ҳазор сомонӣ тақдим шуд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо изҳори итминон ба азми пахтакорони Хатлонзамин барои беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосили пахта, пешниҳод кард, ки дар вилоят “60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор” эълон карда шавад. Ин пешниҳоди раиси вилоят бо кафкӯбии иштирокдорони ҳамоиш истиқбол гардид. “60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор” қарор аст, ки 16-уми ноябр дар Рӯзи Президент ҷамъбаст гардад. Ба идораҳои кишоварзии шаҳру навоҳие, ки дурнамои солонаи пахтаро пурра ба иҷро мерасонанд, мошинҳои сабукрав тақдим хоҳад шуд.

Соҳаи пахтакорӣ дар вилояти Хатлон яке аз соҳаҳои сердаромад буда, имрӯз кишоварзон ба ин соҳаи ҳаётан муҳим тавваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, сол то сол майдони кишти онро васеъ мекунанд.

Тибқи ҳисоботи  Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон имсол дар вилоят дар майдони зиёда аз 122 ҳазор гектар пахта кишт карда шудааст, ки аз он  кишти пахта, ки зери плёнка гузаронида шудааст, 8 ҳазору 879 гектарро ташкил медиҳад.

Пахтакорони вилояти Хатлон имсол ният доранд, аз майдони  беш аз 122 ҳазору 400 гектар пахтазор, зиёда аз 250 ҳазору 300 тонна тиллои сафед ҷамъоварӣ кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь