Дар 8 моҳи соли ҷорӣ 300 сокини вилояти Хатлон аз сагони дайду осеб дида, як нафар аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ҳамин далел вафот кардааст. Аз шумораи осебдидагон 89 дарсадашро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, дар ин давра 1 ҳазору 772 саги бесоҳибу бемуоина ва 35 гурба дар 23 шаҳру ноҳияи вилоят  безарар гардонида шудаанд.

Нурулло Бояков, директори Маркази назорати давалтии санитарию эпидимиологии вилояти Хатлон гуфт: “Мутаасифона дар 8 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 300 сокинони вилоят аз сагҳои дайду ва номаълум осебҳои вазнин, миёна ва сабук бардошта,  як нафар аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вафот кардааст. Миёни нафароне, ки аз сагҳо осеб диданд,  89 дарсадашро кӯдакон ва наварсон  ташкил медиҳанд”.

Ба иттилои ӯ,  тибқи дастурамали Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати аз саги номаълум осеб дидани сокинон  дар нуқтаҳои осебшиносии  марказҳои саломатӣ, ки шабонарузӣ фаъолият мекунанд,  кӯмаки авалия расонида мешавад. 

“Баъдан, ба ҳар нафаре, ки аз саг осеб дидааст, ваксинаи ҳорӣ ва агар ҳолати захм вазнин бошад, ҳамчунин иммуноглобулин гузаронида мешавад”, – афзуд номбурда.

Ин шахси масъул  омили зиёд осеб дидани кӯдакону наврасонро бе назорат мондани онҳо аз ҷониби калонсолон арзёбӣ карда, илова кард, ҳар нафаре, ки аз саг  ё дигар ҳайвон осеб  мебинад, бояд сари вақт ба табибон муроҷиат кунад ва шаш вояи ваксина бигирад.

“Аммо дар ҳолатҳе, ки саг ба таври оммавӣ ба сокинон осеб мерасонад, ё зарардидаҳо камбизоат ҳастанд, тариқи ройгон  ваксина зада мешаванд.

Агар саг соҳиб дошта бошад, зарар аз ҷониби худи соҳиби он ба ҷабрдида пардохт карда мешавад”, – қайд кард Нурулло Бояков ва гуфт, бояд сокиноне, ки дар хонаи худ саг ё дигар ҳайвонро нигоҳубин мекунад, ҳатман дар Маркази таъминоти бехатарии озуқворӣ эмгузаронӣ кунанд.

Директори Хоҷагии манзилию коммуналӣ дар вилояти Хатлон Абдураҳмизода Нурулло қайд кард, ки дар 8 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ниҳоди онҳо дар 23 шаҳру ноҳияи вилоят 1 ҳазору 772 саги бесоҳиб ва бемуоина ва 35 гурба безарар гардонида шудаанд. Аммо мутассифона то ҳол шумораи сагҳои дайду зиёд аст.

Номбурда илова кард, ки бештар сагҳои дайду дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар 367 сар,  Данғара 216,  Панҷ 168,  Фархор 148, Хурсон 126, Левакант 115 ва ноҳияи Кӯшониён 76 сар безарар гардонида шудаанд.

Ба иттилои ӯ, гурбаҳои бесоҳиб бештар дар ноҳияи Вахш 21  сар ва ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 10 сар безарар гардонида шуданд.  

Даҳҳо нафар  сокини марказҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон зимни суҳбат гуфтанд, ки шабона аз тарси сагҳои дайду метарсанд ба бурун бароянд, зеро рӯз то рӯз шумораи чунин онҳо зиёд шудааст. Онҳо аз масъулон хоҳиш карданд, ки барои эмин нигоҳ доштани ҷони сокинон сари ин масъала ҳарчи зутар чораҷӯӣ кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here