Дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 4 ҳазору 271 қонуншиканӣ дар самти замин ошкор карда шудааст, ки аз он 639 ҳолаташ ғасби худсарона мебошад.
Муовини аввали раиси Кумитаи Идораи замини вилоят Далер Турамуродзода, дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки давоми 11 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи Идораи замини вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо 4 ҳазору 271 қонунвайронкунӣ дар самти замин ошкор карда шудааст.
Гуфта шуд, ки дар ин давра нисбати 3 ҳазору 720 нафаре, ки даст ба қонуншиканӣ зада буданд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, 3 ҳазору 670 ҳолати он бартараф карда шуд.
Ин шахси масъул илова кард, ки дар ин давра 639 ҳолат дар майдони 136,69 гектар замин худсарона аз тарафи шаҳрвандон ғасби карда шуда буд, ки аз он 91,33 гектараш заминҳои кишоварзӣ ва 45,36 гектари дигарш замини ғайрикишоварзӣ мебошад.
Афардои қонуншикан ба маблағи зиёда 1,800 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шудаанд, ки ин аз ин маблағ 1 миллиону 508 ҳазору 449 сомонӣ ба суратҳисоби кумитаҳои идораҳои замини шаҳру ноҳияҳо ворид карда шудааст.
Қайд гардид, ки барои бартараф кардан ва маҷбуран ситонидани маблағҳои ҷарима 290 парванда ба прокуратура ва 338 парвандаи дигар ба суд пешниҳод карда шудааст. Дар натиҷа 226 қонуншиканӣ дар майдони 67,08 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст, илова кард мусоҳиби мо.