Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон дар назди шабакаҳои барқи вилоят ба маблағи 29 миллион сомонӣ қарздор мебошад.

Муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон Оятулло Умаров гуфт, ки сабаби асосии қарз  тариқи насосҳои обкаш обёрӣ шудани 60-70 дарсади заминҳост. Аз ин ҳисоб қарзҳо зиёд шудаанд.

Манбаъ аз он нигаронӣ кард, ки ба ҷуз ин Раёсати мазкур дар назди андоз беш аз 10 миллиону 730 сомонӣ қарздор мебошад.

Гуфта шуд, бештари қазри андоз аз идораҳои беҳдошти замин ва обёрии ноҳияҳои Кушониён, Ҷалолидини Балхӣ, Ёвон ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад.

Мушкилии дигар қарзи музди меҳнати коргарон мебошад, ки он то ба имрӯз зиёда аз 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ боқи мондааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь