Дар се моҳи соли ҷорӣ нақшаи қисми даромади буҷетро шаҳри Норак ва ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон пурра иҷро карда натавонистанд, ки аз ин ҳисоб ба буҷети вилоят 8,4 миллион сомонӣ маблағ ворид нагардидаст.
Аз Раёсати андози вилояти Хатлон ба “Фараж” хабар доданд, ки дар шаҳри Норак нақшаи қисми даромади буҷет дар ин давра 72 дарсад иҷро гардидасту халос. Аз сабаби пурра иҷро нашудан ба буҷет 8 миллиону 107,7 ҳазор сомонӣ ворид карда нашуд.
Гуфта шуд, ки дар ноҳияи Панҷ нақшаи қисми даромади буҷет 93,5 дарсад иҷро шуда, ба буҷет 705,6 ҳазор сомонӣ ворид нагардидааст.
Аз Сарраёсати молияи вилояти Хатлон низ хабар доданд, ки дар се моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби иҷро нагардидани нақшаи андоз аз арзиши иловашуда ба мабалағи 7,9 миллион сомонӣ таъмин нагардид.
– Дар маҷмӯъ аз ҳисоби сифатнок таъмин нагардидани андозҳо ба буҷети маҳаллӣ 25,8 миллион сомонӣ ворид карда нашудааст, – гуфтанд аз Сарраёсати молияи вилоят.
Бино ба маълумоти додаи Раёсати андози вилояти Хатлон дар умум қисми даромади буҷети вилоят давоми се моҳи соли 2022-ум 101,8 дарсад, яъне 472 миллиону 767 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки он 481 ҳазору 425,7 ҳазор сомонӣ иҷро шуда, ба буҷет 8 миллиону 658,7 ҳазор сомонӣ аз нақша зиёд ворид гардидааст.