Дар машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилояти Хатлон, ки рӯзи 23-юми август дар шаҳри Бохтар сурат гирифт, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз ҷой доштани баъзе камбудиҳо дар ин соҳа изҳори нигаронӣ кард.

Раиси вилоят қайд кард, ки бар замми пешравиҳо дар соҳаи маориф, то кунун мушкилиҳои зиёд, аз қабили фарогирии ками кӯдакон ба муассиахои томактабӣ, маблағгузории ночиз барои ғизои кӯдакон,  дар се баст ба роҳ монда шудани  таълим дар 39 муассисаи таълимӣ, норасоии 725 омӯзгор  изҳори ташвиш карда, барои ислоҳи камбудиҳо ба Раёсати маорифи вилоят, Сарраёсати молия, мудирони шуъбаҳои маориф ва дигар масъулон супориши қатъӣ дод.

Раиси вилоят дар давоми суханрониаш қайд кард, ки тайи 7 моҳи соли равон дар ҳудуди вилояти Хатлон 21 адад иншоти соҳаи маориф, 135 синфхонаи иловагӣ сохта шуда, сохтмони 59 иншоти дигар идома доранд.  То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони 279 синфхона ба нақша гирифта шудааст.

Дар охир раиси вилоят аз намояндагони ВАО даъват кард, ки дар масъалаи камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаи маорифи вилоят маводҳои таҳлиливу танқидӣ нашр кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь