Дар соли 2024-ум дар 9 ноҳияи вилояти Хатлон 791 гектар замини бекорхобида аз ҳисоби заминҳои партов, чарогоҳ ва дигар заминҳо ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, ин заминҳо пурра кишт карда шудаанд.
Аз Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки дар ноҳияҳои Қубодиён-200 га, Ҷайҳун-435 га, Носири Хусрав-70 га, Данғара-20 га, Дӯстӣ-20 га, Муъминобод-15 га, Фархор-3 га, Ҳамадонӣ-3 га ва ноҳияи Панҷ -1 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки баъди ба гардиши кишвоарзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида дар онҳо зироатӣ кишоварзӣ кишт карда шудааст, ки ин дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва паст кардани нархи муҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳо мусоидат хоҳад кард.
Блоки рекламавӣ