Баъди боз шудани марзҳо ба Русия сокинони вилояти Хатлон  талош доранд аз ташхиси бемории сироятии коронавирус гузаранду ба худ маълумотномаи солим буданашонро гиранд, то сафар ба Русия бемамониат шавад.

Рӯзҳои охир  дар назди ташхисгоҳи вирусологии маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологи вилояти Хатлон одамони зиёд ҷамъ мешаванд ва талош мекунанд ҳарчӣ зудтар ташхиси Сovid-19-ро бигиранд.

Маълум шуд, ки барои гирифтани ин ташхис, ки дар муддати як рӯз омода мешавад, 50 сомонӣ пардохт бояд кард.

Дар ҳамин ҳол, мардум бештар аз гаронии нархи билетҳои ҳавопаймо изҳори нигаронӣ карда, гуфтанд, ки дар чунин шароит бо чунин нархҳое, ки муайян шудаанд, харидани билет хел мушкил аст.

– Чӣ илоҷ қарз мекунем, ё баъзе чизу чораи хонаро фурӯхта, билет ба даст меорем, та ба Русия равем, зеро дигар роҳи пеш бурдани зиндагӣ нест, – гуфт як нафаре, ки дар навбати ташхис буд.

Навбатпоии сокинон барои ташхиси Covid-19
Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь