– Дар вилояти Хатлон нафақаи аз ҳама баландро як сокини шаҳри Норак мегирад, ки он 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, – гуфт сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Хатлон Мусозода Саидмӯъмин дар нашасти матбуотӣ.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 3 миллиону 400 ҳазор сомонӣ маблағ аз ҳисоби нафақагироне, ки фавтидаанд, ё ба дигар шаҳру ноҳияҳо кӯч бастаанд, бозпас гардонида шудааст.
Манбаъ илова кард, ки ҳоло дар вилояти Хатлон 262 ҳазору 800 нафар нафақагир ҳастанд, ки ин теъдод нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 8 ҳазору 825 нафар зиёд мебошад.
Гуфта шуд, ки аз шумораи умумии нафақагирон 205 ҳазору 807 нафар гирандаи нафақаи меҳнатӣ, 56 ҳазору 993 нафар гирандаи нафақаи иҷтимоӣ мебошанд. Дар ин баробар 55 ҳазору 894 нафар гирандаи нафақаи маъюбӣ буда, 21,3 фоизи нафақагиронро ташкил медиҳад.
Маблағи моҳонаи нафақагирон дар вилоят бо дарназардошти иловапулӣ ва кумакпулиҳо 84,7 миллион сомониро дар бар гирифта, ҳисоби миёнаи нафақа ба 310,60 сомонӣ баробар мебошад.
– То 2-юми июли соли ҷорӣ ба нуқтаҳои ваколатдори БДА “Амонатбонк”-и шаҳру ноҳияҳои вилоят 503 миллиону 758,1 ҳазор сомонӣ нафақапулӣ ҷудо гардида, талаботи нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар шаш моҳи соли 2021 пурра маблағгузорӣ шудааст. Дар ҳудуди вилоят қарздорӣ аз нафақа нест, – гуфт С. Мусозода.