Зимни баргузории як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон як нафар паҳнкунандаи маводҳои тарфгарӣ (пиротехникӣ) дар ҳудуди шаҳри Бохтар ҳамчун гумонбар дастгир карда шуд.
Ин нафар шаҳрванд Тошматов Давлатбек Идибекович санаи таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи маҳаллаи Балхии шаҳри Бохтар мебошад. Номбурда маводҳои тарфгариро дар ҳудуди шаҳри Бохтар мехост ба фурӯш гузошта, аз ин ҳисоб фоида ба даст оварад. Зимни кофтуков аз номбурда ба миқдори 960 (нуҳсаду шаст) қуттӣ маводи тарфгарӣ дарёфту мусодира карда шуд, ки 57120 донаро ташкил медиҳанд. Айни замон, вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Мувофиқи талаботи моддаи 199 иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол кардан, нигоҳ доштан, фурӯхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ ҷазоҳои ҷиноятӣ дар намуди ҷарима ва маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 1 то 2 сол пешбинӣ шудааст.