Имсол аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилояти Хатлон барои таъмири муассисаҳои соҳаи маориф 62,9 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин маблағ нисбат ба соли гузашта зиёд аст.

Аз Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки аз ин маблағ 50,2 миллионаш барои муассисаҳои таълимӣ аст, ки нисбати соли гузашта 18,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин 4,3 миллион сомонии дигар барои муассисаҳои томактабӣ пешбинӣ гардидааст.

Аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки айни замон дар вилояти Хатлон 1386 муассисаи таълимӣ ва 168 муассисаи томактабӣ фаъолият доранд, ки таъмир дар онҳо оғоз шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь