Беш аз 50 ҷавон, кормандони ташкилоту идораҳо ва намояндагони ВАО барои инъикоси мавзеъҳои таърихию сайёҳи вилояти Хатлон ба минтақаи Кӯлоб сафарбар карда шуданд.

Имрӯз, 20 май, дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, раиси вилояти Хатлон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзишӣ вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо Шӯъбаи рушди сайёҳии вилоят як гурӯҳи 50-нафараи ҷавонон ва намояндагони ВАО дар доираи моҳвораи “Рӯзи ҷавонон” ва муаррифии мавзеъҳои таърихиву сайёҳии вилоят таҳти унвони “Рушди сайёҳӣ – омили пешрафти кишвар” ба мавзеъҳои таърихиву сайёҳии минтақаи Кӯлоб раҳсипор шуданд.

Ин гурӯҳ аз мавзеъҳои сайёҳи ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод ва шаҳри Кӯлоб дидан хоҳад кард. Мақсад аз ин сафар муаррифии бештари мавзеъҳои таърихиву сайёҳии вилояти Хатлон ба саёҳони дохиливу хориҷӣ мебошад. Ин сафар ду рӯз идома хоҳад ёфт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь