Дар пайи як супориши вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ марде, ки дар бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии (САҲШ) шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон фаъолият мекарданд, аз вазифа барканор шуданд.

Сардори шӯъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон Зинатгул Сафарзода гуфт, ки воқеан ҳам мудирони САҲШ-и шаҳри Бохтар, Қубодиён, Дӯстӣ, Мӯъминобод ва Балҷувон аз вазифа барканор шуданд.

Ӯ сабаби барканории онҳоро пурра шарҳ надод, аммо гуфт, инро вазири адлияи кишвар Музаффар Ашуриён медонад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь