Як марди 39-сола аз ноҳияи Восеъ ба хонаи ҳамсари 25-солаи собиқаш ба ноҳияи Балҷувон рафта, бо корд ӯро зада ба ҳалокат расонидаст. Ин ҳолатро бародари 17-солаи зан дида, хашмгин гашта, ин мардро бо корд ба ҳалокат расондааст.

Милитсияи Хатлон хабар додааст, ки рӯзи 6-уми апрели соли 2023, тахминан соати 17:00, марди 39-солаи сокини ноҳияи Восеъ, ба хонаи истиқоматии собиқ ҳамсараш, ҷавонзани 25-солаи сокини ноҳияи Балҷувон, омада хоҳиш мекунад, ки бо якдигар аз нав зиндагиро давом диҳанд, аммо собиқ ҳамсараш хоҳиши ӯро рад мекунад, ки аз ин сабаб байнашон муноқиша сар зада гумонбаршаванда қасдан бо корди хоҷагии дар дасташ буда, ба узвҳои бадани собиқ ҳамсараш чанд маротиба задааст.

Дар ҳамин вақт бародари собиқ ҳамсараш ноболиғи 17-сола ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, мебинад, ки апааш дар назди собиқ шавҳараш бо ҷароҳатҳои ҷисмонии буранда ва халанда дар ҳолати вазнин қарор дорад. Ӯ  ба ғазаб омада, аз назди номбурда корди хоҷагиро гирифта ба узвҳои ҳаётан муҳими собиқ язнааш чанд маротиба зада, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии ба ҳаёташ хавфнок мерасонад.

Ҳангоми ба беморхона дастрас кардан ҷавонзан дар роҳ ба ҳалокат расида, собиқ шавҳараш дар беморхона ҷон медиҳад.

Нисбати ноболиғи 17-сола, бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь