Сокинони вилояти Хатлон аз хомӯш шудани барқ дар чор шабонарӯзи охир шикоят карда, мегӯянд, ки барқашон аз соати 8-и субҳ то 17:30 ва шабона аз соати 23 то 5-и субҳ хомӯш карда мешавад.
Даҳҳо сокини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон зимни суҳбат гуфтанд, ки чор руз мешавад, ки барқро бо реҷаи муайян мегиранд.
Хуршед, сокини ин вилоят гуфт, ки дар як шабонаруз барқро ҳамагӣ 9 соат медиҳанду халос.
– Бояд пеш аз хомӯш шудани қуваи барқ сокинонро огоҳ кунанд, зеро таҷҳизоти барқиамон яку якбора аз хомӯш шудани барқ ва ногаҳон омадани он вайрон мешаванд, – гила кард ӯ.
Хомӯш шудани қувваи барқро масъулони шабакаҳои барқи ноҳияҳои Кӯшониён, Балхӣ ва дигар шаҳру ноҳияҳо тасдиқ карданд. Онҳо гуфтанд, ки супориш аз болост, ки барқ ба аҳолӣ бо режаи муайян дода шавад. Танҳо марказҳои шаҳру ноҳияҳо бо барқи доимӣ таъминанду халос. Ҳоло маълум нест, ин маҳдудият то кай идома меёбад.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ сокинон аз хомӯш шудани барқ шикоят доранду аз масъулон хоҳиш доранд, ки фасли зимистон наздик асту дар сардиҳои ин фасл аҳолиро бо барқ таъмин созанд.