Шаҳри Кӯлоб ғолиби озмуни вилоятӣ ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар номинатсияи “Шаҳри беҳтарин” дар вилояти Хатлон дониста шуд.
Бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон озмуни сатҳи вилоятӣ дар соли 2022 эълон гардида буд, ки дар қатори дигар бахшҳо номинатсияи “шаҳри беҳтарин” низ ҷой дода шуда буд. Бо ҷамъбаст гардидани ин озмун шаҳри Кӯлоб сазовори ҷойи аввал дониста шуд. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб итиллоъ доданд.
Гуфта шуд, ки дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр дипломи дараҷаи 1 ва ҳамчунин 10000 сомонӣ сарфароз гардонида шуд.