Дар назди майдони “Парчам” -и шаҳри Бохтар ғолибони олимпиадаи байналмиллалии International olympiad Antalya 2022, ки дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор гардида буд, истиқбол гирифта шуданд.

Дар истиқболи ғолибони олимпиада муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон ,мудирони шуъбаҳои маориф ва омӯзгорону хонандагони муасисаҳои таълимии вилоят  иштирок доштанд. Ғолибони олимпиадаро бо шодиву сурур истиқбол гирифтанд.

Фирӯза Шарифӣ ба омӯзгорону хонандагон ва волидони ғолибон аз номи раиси вилояти Хатлон изҳори сипос намуда, афзуд, ки ин қадами аввали хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон дар чунин олимпиадаҳо мебошад.

Тибқи иттилои масъулини маорифи шаҳри Бохтар дар ин олимпиадаи байналмиллалӣ 7 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар аз фаннҳои забони англисӣ ва риёзӣ  сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Ҳамчунин дар ин олимпиада хонандагони муасисаҳои таълимии  шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ширкат доштанд.

– Умед дорем, ки дар олимпиадаҳои минбаъда хонандагони мо боз ҳам бештар  ва фаъолона ширкат намуда, парчамбардори кишвар дар сатҳи байналмиллалӣ мегарданд, – изҳор доштанд масъулини маорифи шаҳри Бохтар.

Мавлуда Гулова, Фараж

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here