Дар 11 моҳи чоли ҷорӣ қисми даромади буҷети вилояти Хатлон 105,9 дарсад иҷро гардида, ба буҷети вилоят 105 миллион сомонӣ барзиёд ворид шудааст.
Аз Раёсати андози вилояти Хатлон ба “Фараж” иттилоъ доданд, ки дар 11 моҳи соли равон нақшаи қисми даромади буҷети вилоят 1 миллиарду 603 миллиону 717 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки он бештар аз 1 миллиарду 698 миллион сомонӣ таъмин гардид.
– Мутаассифона, дар ин давра шаҳри Норак ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ натавонистанд, ки пурра аз иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет бароянд ва аз ин ҳисоб 13 миллиону 100 ҳазор ба буҷети вилоят ворид нагардид, – гуфтанд аз ниҳоди мазкур.
Аз раёсати мазкур қайд карданд, ки ҳамчунин дар 11 моҳи соли 2021 дар вилоят ду намуди андоз, яъне андоз аз истифодабарандагони роҳҳо ва андоз аз даромад иҷро нагардид, ки аз ин ҳисоб 36 миллиону 404 ҳазору 854 сомонӣ ворид карда нашуд.
Зикр шуд, ки дар иҷроиши нақшаи андоз дар сафи аввал шаҳру ноҳияҳои Ховалинг, Леваканд, Шамсиддин Шоҳин, Темурмалик, Носири Хусрав ва Ёвон қарор доранд.