Дар бозору мағозаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон нархи либоси мактабӣ ва ашёи таълимӣ якбора дар арафи соли нави таҳсил боло рафта, волидонро нигарон кардааст.
Ба оғози соли нави таҳсили 2019-2020, яъне 1-уми сентябр рӯзҳои башумор боқӣ мондааст. Дар ин рӯзҳо ташвиши волидон ба хотири омода намудани фарзандон ба мактаб зиёд мешавад. Аммо ҷои таассуф аст, ки баъзе соҳибкорону фурӯшандаҳо аз ин фурсат истифода намуда, нархи либоси мактабӣ ва ашёи таълимиро худсарона боло мебаранд.
Зимни суҳбат Парвина ном сокини ноҳияи Кӯшониён гуфт, ки барои писарчаи синфи шашхонашро ба мактаб омода кардан 1000 сомонӣ маблағ сарф кардааст: “Барои писарам як шиму костюмро бо нархи 350 сомонӣ, пояфзолро 100 сомонӣ, ҷузвдонро 100 сомонӣ, куртаи сафедро 60 сомонӣ, лавозимоти хониш, яъне дафтару қаламро наздики 200 сомонӣ харидорӣ кардам. Ин маблағ бароям гарон аст, аммо илоҷи дигар нест, бояд фарзандам хонад. Соҳибкорон чунон беинсоф шудаанд, ки ҳар нархе хоҳанд, гуфтан мегиранд”.
Ҳанифа – сокини дигар аз ноҳияи Вахш, ки ӯро низ дар бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар вохӯрдем, қайд намуд, ки имсол ду фарзандаш ба мактаб мераванд.
– Шавҳарам дар Русия муҳоҷир асту занг зад, ки маошашонро надодаанд ва имкони фиристодани маблағро надорад. Аз ин хотир, маҷбур шудам барои омодагии ду фарзанди мактабхонам 1500 сомонӣ аз ҳамсоя қарз гирам, то аз мактаб дур намонанд. Либосҳое, ки аз мактаб пешниҳод кардаанд, сифати хуб надоранд ва кӯдакон қабул надоранд,- илова кард Ҳанифа.
Ҳамчунин, ӯ афзуд: “Нархи либос ва ашёи мактабӣ дар бозор чунон баланд шудааст, ки маблағе, ки қарз гирифтаам, ба як фарзандам намерасад”.
Ба мисли ин сокинон боз даҳҳо волидони дигарро дар бозору мағозаҳои вилояти Хатлон вохӯрдем, ки аз гаронии нархи либоси мактабӣ шикоят мекарданд.
Дар ҳамин ҳол, масъулони ҶДММ «Фаровон»-и Бохтар мегӯянд, ки барои танзими нархи бозор ҳамарӯза гуруҳи корӣ ташкил карда, бо соҳибкорон кор мебаранд.
Сайфулло Лутфуллоев – муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон мегӯяд, ки имсол 364 ҳазору 537 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои омода кардани либоси ягонаи мактабӣ бо корхонаҳои дӯзандагӣ шартнома бастаанд. Ӯ қайд намуд, ки то 20-уми августи соли равон 189 ҳазору 992 нафар хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин гардидаанд, ки он 52,1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Ӯ низ изҳор дошт, ки дар омода ва таъмин кардани либоси мактабӣ мушкилиҳо ҷой доранд, аммо ба хотири рушди соҳибкории дохилӣ бояд чунин сехҳоро дастгирӣ намоем.
Барои паст кардани нарху навои либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш масъулони шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ярмаркаи фурӯши либоси мактабӣ ташкил намоянд. Бояд дар чунин ярмарка корхонаҳои дӯзандагӣ маҳсулоти худро ба таври озодона ба фурӯш бароранд, то мардум имкони интихобро дошта бошанд.
Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ,
“ФАРАЖ”