Соли 2022 аз ҷониби кормандони ҷангал дар вилояти Хатлон 917 санади қонунвайронкунии ҷангал ба маблағи беш аз 113 ҳазор сомонӣ тартиб дода шудааст, ки 520 санади он буриши худсаронаи ҷангал мебошад. Дар ин бора Мираҳмад Давлатов, як масъули Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфти ӯ, 150 санад чорвочаронии худсарона, 196 санад ҷамъоварии худсаронаи маҳсулоти ҷангал, 26 санад шикори ғайриқонунии ҳайвоноту парандагон ва 25 санади дигар қонунвайронкуниҳо мебошанд.
Номбурда илова кард, ки соли гузашта 399,4 гектар ҷангалҳои нав бунёд гардида, дар майдони 675 гектар ҷангалҳои кӯҳна аз нав барқарор шудаанд.
Блоки рекламавӣ