Дар вилояти Хатлон гирифторшавии сокинон ба бемории сил дар 5 соли охир 619 нафар кам гардидаст, ки масъулон омили онро ворид гардидани таҷҳизоти муосири тиббӣ,  таҳияи марказҳои мубориза зидди беомрии сил дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва барномаҳое, ки дар ин самт қабул гардидаанд, арзёбӣ карданд.

Музаффар Ғафуров

Муовини директори маркази вилоятии  бемориҳои сили вилоят Музаффар Ғафуров гуфт, ки соли 2015 дар вилояти Хатлон шумораи гирифторони бемории сил 2 ҳазору 124 нафаро ташкил медод, ки ин дар соли 2020 ба 1 ҳазору 523 нафар расидааст ва ин нишондод нисбат ба 5 соли пеш 619 нафар кам аст.

Ин шахси масъул, ҳамчунин, гуфт, ки дар 10 моҳи ҷорӣ шумораи гирифторони беморони сил коҳиш ёфта, нисбат ба 10 моҳи соли 2020 беш аз 260 нафар кам гардидааст.

– Ҳоло дар вилоят 1 ҳазору 508 нафар гирифтори ин беморӣ ба қайд гирифта шудаст, ки аз инҳо дар бахши бистарикунонӣ 1 ҳазору 146 нафарашон бистарӣ карда шуда, 1 ҳазору 40 нафарашон рухсат шуданд, – илова кард ӯ.

Иттилоъ дода шуд, бо дасгирии Ҳукумати кишвар, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳукумтаи вилояти Хатлон ба беморхонаи сили вилоят таҷҳизоти муосири тиббӣ ворид гардида, ҳамчунин  ташхисгоҳҳои муосир васл карда шудаст, ки ин кори табибонро дар пайдо кардани ин беморӣ осон гардонид.

Манбаъ афзуд, ҳоло дар  25 шаҳру ноҳияи вилоят озмоишгоҳои бактериоскопӣ, дар 16 ноҳия дасгоҳи “Ген Эксперт” ташхиси молекулярӣ,  дар маркази вилоят дасгоҳи ҲАИН, кишт, се адад рентгенҳои рақамӣ, нақлиёти сайёри флюорографӣ фаъолият доранд, ки шабонарӯз табибони ин беморхона ба аҳолии вилоят хизмати тиббӣ мерасонанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь