Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, дар заминаи шартномаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия, дар Қасри фарҳанг ва маркази иттилооти шаҳри Бохтар, Фестивали лимӯ ва намоиши маҳсулоти саноатии вилоят баргузор гардид.

Дар  фестивал раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, намояндагони вилояти Омски Федератсияи Русия ва дигар масъулон иштирок доштанд.  Ҳозирин аз Фестивали лимӯ ва намоиши маҳсулоти саноативу ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии раиси вилоят меҳмонон ба сифати маҳсулот ва ҳосили бадастомада баҳои баланд дода, дар хусуси харидор доштани маҳсулот ва ниёз ба чунин маҳсулот дар Федератсияи Русия ҳарф заданд. Гуфта шуд, ки чунин маҳсулот дӯстдорону харидорони зиёдеро дорад ва омода ҳастанд, ки дар содироти чунин маҳсулот мусоидат кунанд.

Дар рафти намоиши маҳсулоти саноатӣ  меҳмонон дар бораи коркарди маҳсулот, иқтидор, фаъолияти мутахассисон ва имконияти содироти маҳсулот маълумот гирифтанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь